Дар шаҳри Душанбе бозиҳои марҳилаи интихобӣ баргузор мешаванд

6 сентябр дар шаҳри Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои мунтахаби олимпии то 23-сола дар гурӯҳи «I» оғоз мешавад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон  хабар медиҳад.

Дастаҳои мунтахаби  олимпии Тоҷикистон, Австралия ва Лаос барои роҳ ёфтан ба қисми ниҳоии чемпионати Осиё  байни ҳам мубориза мебаранд. Дар даври аввал- 6 сентябр дастаҳои  мунтахаби  Лаос ва Австралия байни ҳам  вомехӯранд. Дар даври дуюм-  9 сентябр  дастаи мунтахаби  Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Лаос бозӣ менамояд. Ва дар даври ниҳоӣ- 12 сентябр  дастаи мунтахаби олимпии то 23-солаи  Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби  Австралия бозӣ хоҳад намуд. Ҳамаи вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри  Душанбе баргузор шуда, соати 20:30 оғоз мегарданд. Арзиши чиптаи категорияи якум 50 сомонӣ ва категорияи дуюм 20 сомониро ташкил медиҳад.

Қобили тазаккур аст, ки аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, инчунин 4 даста, ки бо натиҷаи беҳтарин дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 (U-23), ки аз 15 апрел то 3 майи соли оянда дар Қатар баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE