Намояндаи Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар шаҳри Ню-Йорк иштирок дорад

Дар шаҳри Ню-Йорки Америка  машварати байналмилалӣ дар мавзуи «Идоракунии захираҳои инсонии хизмати давлатӣ дар асоси истеъдод дар асри 21» оғоз гардид, ки дар он сардори шуъбаи ташкилию иттилоотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Кенҷазода иштирок дорад.

Машварат бо ташаббуси Шабакаи минтақавии соҳаи хизмати давлатии Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба хизмати давлатии шаҳрвандии байналмилалӣ ташкил шуда, то 30 ноябр идома меёбад.

Ҳадафи баргузории машварат муаррифӣ ва шиносоӣ бо натиҷаҳои дастовардҳои охирин дар самти  идоракунии захираҳои инсонии муосири  хизмати давлатӣ барои масъулони мамлакатҳои аъзои ин шабака буда, ҳамчунин барои табодули таҷриба ва ҳалли масъалаҳои идоракунии захираҳои инсонии муосири мамлакатҳои аъзо истифода мешавад.

Иштироки намояндаи Агентии хизмати давлатӣ дар ин машварат ва омӯзиши таҷрибаи мамлакатҳои пешрафта барои рушди минбаъдаи идоракунии захираҳои инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Шабакаи минтақавии соҳаи хизмати давлатӣ 40 мамлакати аъзоро фаро гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун муассис ва узви комилҳуқуқ бо ин шабака ҳамкорӣ дорад. Хизматчиёни давлатии Тоҷикистон бо даъвати он мунтазам барои омӯзиши таҷрибаи мамлакатҳои пешрафта дар кори конференсияю машваратҳои  сатҳи  байналмилалии  созмондодаи ин шабака иштирок менамоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE