Бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши офатҳои табиӣ озмун эълон мешавад
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши офатҳои табиӣ, ки ба 13 октябр рост меояд, байни намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтарин асари журналистӣ озмун эълон менамоянд.
Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки дар озмун хабарнигорон ва кормандони воситаҳои ахбори оммаи чопӣ ва электронӣ ва муаллифони алоҳида, ки дар мавзуи болозикр мавод омода намудаанд, имкони иштирок намуданро доранд.
Озмун аз рӯи номинатсияҳои «Беҳтарин мавод дар ВАО-и чопӣ», «Беҳтарин филми видеоӣ(ролики видеоӣ)» ва «Беҳтарин мавод дар ВАО-и электронӣ» гузаронида мешавад.
Ба озмун маводе қабул мешаванд, ки фаъолияти кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бобати коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ ҳамаҷониба инъикос намоянд. Дар ҳар номинатсия ғолибон аз тарафи ҳайати босалоҳияти ҳакамон муайян ва қадрдонӣ мешаванд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон