Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини аввали Президенти Эрон Алӣ Наҷафии Хушрудӣ мулоқот намуд
17 апрел Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини корҳои байналмилалӣ ва ҳамкории минтақавӣ, муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Наҷафии Хушрудӣ мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ вазъ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифта, тарафҳо баргузории ҷаласаи Комиссияи муштараки давлатҳо оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангиро дар соли равон идомаи мантиқии ҳавасмандии ду ҷониб барои рушду тавсеаи бештари робитаҳо арзёбӣ намуданд.
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз рушду тақвияти робитаҳои дӯстона ва мутақобили судманди Тоҷикистон бо Эрон ёдовар шуд.
Таъкид гардид, ки иқтидору зарфияти ду мамлакат барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи гардишгарӣ низ қобили таваҷҷуҳанд ва дар ин самт пешравиҳо ба назар мерасанд. Дар ин замина, аз лағви низоми раводид байни мамлакатҳо ёд оварда шуд, ки ба рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат менамояд.
Ҷонибҳо ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, нафту газ, ҳамлу нақли байналмилалӣ, кишоварзӣ ва дигар самтҳо таваҷҷуҳ карда, ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, тиҷорат, тандурустӣ ва илму фарҳанг ҳавасмандии хешро иброз доштанд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкории судманд байни ду мамлакат ба тавсеаи бештари робитаҳо дар ҳамаи соҳаҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.