Ҷавонони бонангу номуси шаҳри Бӯстон ҳам ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил шуданд

2 октябр дар гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон маросими ҷалби ҷавонони ихтиёрӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти шаҳр ва роҳбарону намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад.

Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Иброз шуд,  ки ҷавонони мо бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми неруи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон-Тоҷикистони биҳиштосо ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори давлатҳои мутараққӣ равона менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳиб шудан ба Истиқлолияти давлатӣ рӯйдодҳои бисёр пуртаҳлукаю ҳассоси таърихиро паси сар намуд. Дастовардҳои имрӯзаи даврони соҳибистиқлолӣ насли ҷавонро ба суботу созандагӣ, бунёдкориву донишандӯзӣ ва ҳимояи марзу буми Ватан ҳидоят менамоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE