Иқтидори тавлиди энергияи «сабз»-и Тоҷикистон дар панели сатҳи баланди форуми «Дарвозаи ҷаҳонӣ»-и Иттиҳоди Аврупо муаррифӣ шуд
25 октябр ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар панели сатҳи баланди ташаббуси «Дарвозаи ҷаҳонӣ»-и Иттиҳоди Аврупо зери унвони «Гузариши сабз ва тавлиди гидроген» иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Сироҷиддин Муҳриддин бо ишора ба зарфияти мавҷудаи Тоҷикистон соҳаи гидроэнергетикаро аз ҷумлаи муҳимтарин заминаи «гузариши сабз» ва манбаи асосии тавлиди гидрогени «сабз» номид.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули Стратегияи иқтисоди «сабз» заминаҳои бунёдии гузариш ба иқтисоди «сабз»-ро муҳайё намуда, ният дорад то соли 2050 тавлиди барқ аз ҳисоби манбаҳои таҷдидшавандаро ду маротиба афзоиш диҳад.
Вазири корҳои хориҷӣ ҳамчунин ба мавҷудияти захираҳои табиӣ ва элементҳои нодир дар Тоҷикистон ишора намуд, ки давлатҳои аз лиҳози саноат рушдёфта ба онҳо ниёз доранд.
Ӯ аз давлатҳои шарик ва муассисаҳои молиявӣ даъват намуд, ки аз имконоти мавҷуда истифода бурда, ба ҳамкории мутақобилан судманди ҷонибҳо мусоидат намоянд.
Дар панелҳои сатҳи баланди Форуми «Дарвозаи ҷаҳонӣ», намояндагони давлатҳои дунё роҷеъ ба масълаҳои гузариши «сабз», тавлиди энергия аз манбаҳои таҷдидшаванда, долонҳои нақлиётӣ, инчунин маориф, пажӯҳиш ва бахши тандурустӣ мубодилаи афкор анҷом медиҳанд.