Ҳамкории Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Арабистони Саудӣ таҳким меёбад
1 ноябр дар мулоқоти ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдон имконияту шароит ва захираҳои ташаккули робитаҳои илмӣ, таълимӣ, эҷодӣ ва омӯзишии Академия бо муассисаҳои таҳсилоти олии Арабистони Саудӣ баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба ташаккули ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф ва тайёркунии касбии хизматчиёни давлатӣ табодули афкор намуданд.
Ҳамсуҳбатон ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои муштарак, аз қабили симпозиумҳо, тренингҳо, даврҳои такмили ихтисос, ки мувофиқи манфиатҳои дуҷониба мебошанд, ба мувофиқа расиданд. Ҳамзамон бо мақсади тақвият додани омӯзиши забони арабӣ, дастгирии барномаҳои омӯзишии он, вусъат додани ҳамкории маданию гуманитарӣ байни Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ имконияти бунёди Маркази омӯзиши забони арабӣ дар заминаи Академияи идоракунии давлатӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд. Ҳамчунин ҷонибҳо вобаста ба кӯшиши якҷоя дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор намуданд.
Пас аз анҷоми вохӯрӣ сафир бо Маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқат ва Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон шинос шуда, ба имконияту шароити барои донишҷӯёну магистрантон ва кормандон ба вуҷуд оварда баҳои баланд дод.