Намояндаи Тоҷикистон дар Конгресси ҷаҳонии гидроэнергетикӣ дар Индонезия иштирок намуд

Дар шаҳри Балии Ҷумҳурии Индонезия Конгресси ҷаҳонии гидроэнергетикӣ доир гардид, ки дар он ҳайти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа роҳбарӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои об.

Иттилоъ дода шуд, ки конгресси ҷаҳонӣ имкони муносиб барои он буд, ки чӣ тавр гидроэнергетикаи устувор метавонад барои таъмини амнияти энергетикӣ ва расидан ба сифри холиси глобалӣ (net zero) мусоидат намояд.

Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо изҳори умедворӣ намуд, ки Конгресси ҷаҳонии гидроэнергетикӣ метавонад форуми ҳамкорӣ бошад, то тавсеаҳои сиёсӣ таҳия ва сармоягузорӣ дар истифодаи энергияи обӣ барои иқтисодиёти устувори “сабз” афзоиш дода шавад.

Дар конгресси имсола тақрибан 1500 нафар аз давлатҳои ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ ва институтҳои молиявӣ иштирок намуданд, ки мавзуи асосии он «Таъмини рушди устувор барои иқтисодиёти давлатҳои рӯ ба тараққӣ» буд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE