Ҳайати Тоҷикистон дар Нишасти 16-уми вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» иштирок намуд

Дар шаҳри Ашқобод Нишасти 16-уми вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.  

Зимни суханронӣ роҳбари ҳайати Тоҷикистон дидгоҳи мамлакатро роҷеъ ба тавсеаи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба, таҳкими ҳамкорӣ ва рушди устувор дар ҳошияи ин абзори муассир баён намуд.

Дар ҳошияи Форуми ҳамкорӣ шаш ҷаласаи тахассусӣ дар бахшҳои нақлиёт ва логистика, тандурустӣ ва тиб, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим, технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, илму маориф ва сайёҳӣ дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор гардиданд.

Иштирокчиёни ҳамоиш оид ба масоили мубрами рӯзномаи нишаст, рушди ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак табодули афкор намуданд .

Дар фарҷоми ҷаласа Изҳороти муштараки вазирони корҳои хориҷӣ ва Нақшаи кори Котиботи Форуми ҳамкории “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” барои соли 2024 қабул гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE