Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳти унвони ” Забон донӣ- ҷаҳон донӣ”
Қисмати дуюми китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат “Забони миллат- ҳастии миллат” тарҷума ва интишор гардид.
Ин матлаб имрӯз зимни баргузории нишасти матбуотӣ аз ҷониби Ректори Донишгоҳи байналмиллалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Жило Гулназарзода баён гардид.
Бори нахуст дар таърихи донишгоҳи мазкур Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳти унвони ” Забон донӣ- ҷаҳон донӣ” барои дарёфти ” Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмиллалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода” бо фарогирии ду давр роҳандозӣ гардид. Дар ин озмун аз 26 мактаби олӣ донишҷӯён ширкати фаъол доштанд.
Дилбар Исматова
Садои Душанбе