Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Русия вохӯрӣ кард
19 феврали соли 2024 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо проректори Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Русия Дмитрий Семёнов баргузор гардид. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.
Зимни мулоқот табодули афкор роҷеъ ба таҷрибаи мусбати ҳамкориҳои бисёрсола дар тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои молия, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар соҳаҳо сурат гирифт.
Ҳамчунин, дар мулоқот дурнамои ҳамкориҳо барои фароҳам овардани шароити муносиб ҷиҳати фаъолияти илмию таълимии донишҷӯёни тоҷик баррасӣ шуд.
Қобили тазаккур аст, ки теъдоди донишҷӯёни тоҷик миёни дигар донишҷӯёни хориҷӣ, ки дар донишгоҳи мазкур таҳсил мекунанд, аксариятро ташкил дода, айни замон зиёда аз 220 нафар мерасад.
Дар рафти мулоқот бо донишҷӯёни тоҷикистонии ин мактаби олӣ Д. Гулмаҳмадзода дар мавзуи дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи истиқлолият, таблиғи худшиносӣ, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон сӯҳбат орост. Дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва рушди минбаъдаи ҷавонон ба вижа таъкид гардид.