Эрон шумораи ҳалокшудагони ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳри Кирмонро 84 нафар муайян намуд

Вазири корҳои дохилии Эрон Аҳмад Воҳидӣ рӯзи панҷшанбе шумораи ҳалокшудагонро  дар натиҷаи ду таркиш дар назди оромгоҳи собиқ фармондеҳи қисми махсуси Сипоҳи  посдорони инқилоби исломӣ генерал Қосим Сулаймонӣ дар ҷанубу шарқи шаҳри Кирмон аз 95 то 84 нафар муайян намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии иттилоотии донишҷӯёни эронӣ хабар додааст.

Аҳмад Воҳидӣ иттилоъ дод, ки шумораи маҷруҳон 284 нафарро ташкил дода, 220 нафари онҳо дар беморхона бистарӣ ҳастанд, вазъи баъзеи онҳо дар шуъбаҳои эҳёгарӣ вазнин мебошад.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл,  тақрибан соати 15:00 ба вақти маҳаллӣ бо фосилаи 20 дақиқа дар замоне, ки садҳо нафар дар оромгоҳи Қосим Сулаймонӣ дар шаҳри Кирмон ба хотири гиромидошти ӯ ҷамъ омада буданд, ду таркиш рух дод.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE