Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳакан Фидан мулоқот кард
10 январи соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳакан Фидан мулоқот кард.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, инчунин ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, дурнамои густариши равобит байни кишварҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштаракро мавриди муҳокима қарор доданд.