Ширкати Кореяи Ҷанубӣ дар бунёди пулҳо дар Тоҷикистон кумаки машваратӣ мерасонад

Дар доираи лоиҳаи давлатии сармоягузории «Баланд бардоштани омодагӣ ва устуворӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мегардад, ҷиҳати пешниҳод намудани хизматрасонии машваратӣ байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  ширкати Кореяи Ҷанубӣ «ISAN Corporation» шартнома ба имзо расонида шуд. Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар доданд.

Санадро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Директори филиали «ISAN Corporation» дар шаҳри Алмато Ҷонг Хидэ ба имзо расониданд.

Мақсади асосии шартнома- омода намудани асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва нақшаҳои муфассали корӣ, ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва воситаҳои экологию иҷтимоӣ барои бунёди ду пул дар ноҳияи Рӯдакӣ ва ду пул дар ноҳияи Восеъ мебошад.

Ду пули асосӣ дар шоҳроҳи «Душанбе-Рӯдакӣ» болои дарёи Кофарниҳон дар километри 9+800 ва болои дарёи Элок дар километри 11+000  сохта мешаванд. Ду пули дигар дар шоҳроҳи «Душанбе-Қулма»  болои дарёи Қизилсу дар километри 158+00 ва болои дарёи Ёхсу дар километри 165+000 бунёд мегарданд.

Интизор меравад, ки хизматрасонии машваратӣ аввали моҳи январи соли 2024 оғоз шуда, 12 моҳ идома меёбад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE