Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Бонки содирот ва воридоти Словакия Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содирот ва воридоти Словакия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ доир ба ҷудо намудани қарзи имтиёзнок ва грант барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин бора аз вазорати мазкур хабар доданд.

Ҳадафи имзои Ёддошти тафоҳум дар ҳамбастагӣ бо ҳамтоёни Словакия насб намудани тарозуҳои вазнченкунӣ дар роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Ин санад зимни мулоқоти Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Словакия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Боретско, Директори Бонки содирот ва воридоти Словакия Михаил Демак ва роҳбари ширкати Словакия барои рушди тиҷорат дар Осиёи Миёна Ростеслав Бабитс ба имзо расонида шуд.

Ҷонибҳо дар мулоқот имконияти ҳамкории мутақобилан судмандро баррасӣ намуданд. Виктор Боретско иброз намуд, ки ҷониби Словакия хостори рушди муносибатҳои тиҷоратӣ ва интиқоли молу маҳсулот бо Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, омода аст дар доираи манфиатҳои тарафайн дар ин самт ҳамкориро боз ҳам тақвият бахшад.

Директори Бонки содирот ва воридоти Словакия Михаил Демак гуфт, ки бонк омода аст барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи роҳу нақлиёти Тоҷикистон, хусусан дар самтҳои насби тарозуҳои ченкунии мошинҳои гаронвазн ва маҷмуи масъалаҳои рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт бо шарту шароити мутақобиланд судманд сармоягузорӣ намояд.

Ҳамзамон Роҳбари ширкати «Бетамонт»-и Словакия гуфт, ки ин ширкат солҳои охир дар татбиқи лоиҳаҳои роҳу нақлиёт таҷрибаи пешрафта ва дастовардҳои назаррас дошта, метавонад бо шарикон аз Тоҷикистон ҳамкорӣ намояд.

Азим Иброҳим ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати рушди муносибатҳо байни ду давлат дар самти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ иброз дошта, гуфт, ки насби тарозуҳо дар танзими меъёр ва ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн ҷиҳати аз вайроншавӣ эмин нигоҳ доштани инфрасохтори бунёдгардида мусоидат менамояд.

Ба гуфтаи ӯ, ин раванд дар маҷмуъ ба дароз гардидани умри инфрасохтори бунёдгардида ва коҳиш ёфтани ҷалби маблағҳо барои нигоҳубини ҷории иншооти роҳдорӣ замина мегузорад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE