Таърихнависии футболбозони тоҷик дар Ҷоми Осиё – 2023
Шоми сипаригашта дастаи мунтахаби Тоҷикистон саҳифаи наверо дар таърихи футболи меҳан рақам зад. Дар идомаи мусобиқаи Ҷоми Осиё 2023 тими миллии мо тавонист бо нишон додани бозии хеле ҷазоб мухлисони худро шод гардонад.
Дар даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб дар варзишгоҳи «Аҳмад бин Алӣ-и шаҳри Ар-Райян пирӯз шуд ва роҳашро ба даври чорякниҳоии ин мусобиқаи қоравӣ ҳамвор кард. Ин бозии ҷолибу пуршиддат бо ҳуҷумҳои футболбозони ҳарду даста сурат гирифт. Лаҳзаҳои голзанӣ хеле зиёд буд, аммо тӯб дар замони асосӣ танҳо ду бор вориди дарвоза шуд. Дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 30-юм, ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Ваҳдат Ҳанонов тӯби ба назди дарвоза ирсолкардаи ҳамдастааш Зоир Ҷӯрабоевро бо зарбаи сар ба дарвозаи мунтахаби АМА зада, ҳисобро кушод. То лаҳзаи охирин футболбозони тоҷик пешсафиро нигоҳ доштанд ва ҳама дар варзишгоҳ ва берун аз он мухлисони тоҷик садои ҳуштаки доварро интизор буданд. Аммо дар лаҳзаҳои охирин дар дақиқаи 95-ум футболбозони рақиб тавонистанд аз як имконияти худ самаранок истифода бурда худро аз мағлубият раҳо кунанд. Голи ҷавобиро Халифа Ал-Ҳаммадӣ дар охири замони асосӣ бо зарбаи сар аз ҷаримагоҳ ба ҳадаф расонд. Замони асосии дидор бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид. Ин буд дидор боз ҳам ҳаяҷоновартар гардид. То ниҳоят футболбозони тоҷик кушиш карданд ҳисобро тағир диҳанд, аммо ба задани гол даст наёфтанд. Дар замони изофа ҳисоб тағйир наёфт.
Ҳамин тариқ сардовари ин бозӣ, Араки Юсуке аз Ҷопон барои муайян кардани ғолиб силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ таъйин кард. Ҳамаи панҷ бозигари мунтахаби Тоҷикистон – Аҳтам Назаров, Ваҳдат Ҳанонов, Эҳсони Панҷшанбе, Рустам Соиров ва Алишер Шукуров – тӯбро аз пеналти ба нишон расонданд. Аз чаҳор зарбаи аз пеналти задаи бозигарони Аморот танҳо сетоаш вориди дарвоза шуд. Бозигари бразилӣ Каё, ки шаҳрвандии Иморотро дорад, натавонист тӯбро вориди дарвоза намояд. Дарвозабони моҳири мунтахаби Тоҷикистон Рустам Ятимов баъди зарбаи ӯ тӯбро баргардонд. Ин зарбаи дуюми футболбозони Иморот аз пеналти буд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи пеналти бо ҳисоби 5:3 ғолиб шуд. Дар ин пирӯзӣ саҳми Рустам Ятимов, қаҳрамони ин бозӣ, бузург аст. Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Петар Сегрт, мутахассиси 57-солаи хорватӣ, бо шикаст додани тими миллии Амороти Муттаҳидаи Араб ғолиб омад ва дуюмин шуда ба чорякфинали Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт. Дар даври чорякниҳоии мусобиқот мунтахаби кишвари мо бо ғолиби ҷуфти дастаҳои Ироқу Урдун нерӯ месанҷад.
Раҳмонзода Мижгон, Садои Душанбе