Таҳдиди COVID – ҳои нав. Онҳо кадомҳо ва чӣ гуна вирусанд?
Бояд шароити хуруҷи COVID-19 ҳамаҷониба омӯхта шавад, вагарна инсоният метавонад бо COVID-26 ва COVID-32 мувоҷеҳ гардад. Тавре ки РИА «Новости» иттилоъ медиҳад, дар ин бора як олими амрикоӣ ва яке аз коршиносон оид ба коронавирус ва бемориҳои сироятӣ дар ИМА Питер Ҳотез изҳор кардааст.
«Ин сеюмин эпидемияи калон ё уфунати коронавирус дар асри 21 аст (пас аз SARS ва MERS). Уфунати кунунӣ — саввумин аст. Модар — табиат ба мо мегӯяд, ки чӣ ба вуқӯъ хохад омад: COVID-26 ва COVID-32 рух хоҳанд дод, агар мо пайдоиши COVID-19-ро пурра дарк накунем», — изҳор дошт коршинос дар мавҷи «NBC News».
Ҳотез таъкид кард, ки бояд «пайдоиши хуруҷи» коронавируси нав таҳқиқ карда шавад. Барои ин вирусшиносон, уфунатшиносон ва мутахассисони дигар бояд ба шаҳри Ухани Чин, ки эпидемия дар онҷо шурӯъ шуда буд, фиристода шаванд. “Дар ҷои ҳодиса, онҳо бояд маълумот ва намунаҳои заруриро ҷамъ оваранд”, -илова намуд олим.
Дар ҳамин ҳол, коршинос зикр кард, ки бидуни ҳамкорӣ бо Чин дар ин масъала дарёфти маълумот дар бораи пайдоиши коронавирус мушкил хоҳад буд. «Ман фикр мекунам, ки мо ҳақиқатан бояд ба Чин фишори шадид, ба шумули таҳримҳои эҳтимолиро бирасонем, то ин ки дастаи уфунатшиносон ва вирусшиносони маъруф дар Чин дастрасии бемаҳдуд ба ҳайвонот, одамон, намунаҳо ва озмоишгоҳҳо дошта бошанд», — таъкид кард Ҳотез.
Пештар Кохи Сафед маълумотеро паҳн кард, ки мувофиқи он фарзияи паҳншавии коронавирус ба асари вуқӯи ҳолати фавқулода дар озмоишгоҳи илмӣ ҳанӯз истисно карда нашудааст. Дар ин хабар аз суханони президенти ИМА Ҷо Байден дар бораи он, ки иттиҳодияи иктишофии кишвар ду фарзияи пайдоиши вирусро эътироф мекунад: ҳангоми интиқоли он ба одамон аз ҳайвон ва аз лаборатория — оварда шудаанд, дар тӯли 90 рӯз, хадамоти иктишофӣ бояд ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилоотро бо саъйи дучанд идома диҳанд ва сипас ба президент иттилоъ диҳанд.