Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ баргузории чорабиниҳои муштаракро баррасӣ намуданд

Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат бо мудири нави минтақавии ЮНИСЕФ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ҳамоҳангсози махсус оид ба буҳрони гурезаҳо ва муҳоҷирон Реҷина Де Доминичис мулоқот намуд. Дар ин бора аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ-ро муҳокима намуда, ҳифзи иҷтимоӣ ва ислоҳоти ҳуқуқии кӯдаконро, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон амалӣ мешавад, таъкид намуданд. Қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»  махсусан таъкид гардид.

Ҷонибҳо инчунин оид ба баргузор намудани чорабиниҳои муштарак дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (10-13 июни 2024, Душанбе) изҳори назар намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE