12 ҷудокори тоҷик дар “Baku Grand Slam 2024” иштирок мекунанд

16-18-уми феврал мусобиқаи навбатии сайри ҷаҳонии ҷудо – “Baku Grand Slam 2024” баргузор мешавад. Пас аз Гран-прии Португалия ва Гранд-слами Париж ин сеюм мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ дар соли равон мебошад. Дар ин бора аз Федератсияи байналмилалии ҷудо хабар доданд.

Тавре Федератсияи байналмилалии ҷудо хабар додааст, дар мусобиқа ҳудуди 500 варзишгари беш аз 65 давлат ширкат хоҳанд кард. Аз ҷумла, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 12 варзишгар – 8 мард, 4 занро ба Озарбойҷон сафарбар менамояд: Муҳаммадсолеҳ Қуватов (-60кг), Абубакр Шеров, Умедҷон Раҷабов (-73кг), Сомонӣ Кишваров (-90кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100кг), Мансур Раҳмон, Шакармамад Мирмамадов (+100кг), Шукрона Қарчиева (-48кг), Аҳлия Муъминова (-52кг), Фазилат Гулбоева (-57кг) ва Мавлуда Одинаева (-63кг).

Варзишгарон барои иштирокашон хол ба даст оварда, мавқеашонро дар радабандии олимпӣ беҳтар мекунанд. Ғолибон ва ҷоизадорон дар баробари медал ҷоизапулӣ мегиранд: барои ҷои аввал 5000 евро, ҷои дуюм – 3000 ва барои ҷои сеюм 1500 евро.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE