Бонки Осиёии Рушд ҳамкориҳоро бо Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм тақвият медиҳад
26 феврали соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм – Ҷамшед Ҷӯразода бо намояндаи Бонки Осиёии Рушд – София Шакил баргузор гардид, ки дар он ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф ва илм мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рафти суҳбат Ҷамшед Ҷӯразода дар бораи натиҷаҳои фаъолияти дуҷониба суханронӣ намуда, зикр кард, ки Бонки Осиёии Рушд дар амалишавии лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаи илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика» саҳми назарраси худро гузошта, дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст.
Дар навбати худ София Шакил иброз дошт, ки аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо ва ба марҳилаи нави рушд ворид намудани низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгириҳои гуногун роҳандозӣ гардида, мо омода ҳастем, ки дар таҳия ва амалишавии лоиҳаҳои нав бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми боризи худро гузорем.
Дар охир Ҷамшед Ҷӯразода аз номи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шарикии глобалӣ ҷиҳати саҳмгузорӣ ба соҳаи маориф ва илм ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ намуд.