Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод бинои нави Раёсати молияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

12 сентябр дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод бинои нави Раёсати молияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нави раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод бо шароиту имконоти хуби корӣ барои фаъолияти самараноки кормандон таъмин мебошад.

Тавре аён гардид, бино аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои маҷлисгоҳ, бойгонӣ, китобхона ва 8 ҳуҷраи замонавии кории муҷаҳаз мебошад.

Бунёди иншоот соли 2021 оғоз шуда, корҳои сохтмониро мутахассисони маҳаллӣ бо сифати баланд ба сомон расондаанд.

Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ ва муҷаҳҳазсозии он 3 миллиону 800 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба имконоту шароити муҳайёшуда кормандонро ба фаъолияти софдилона ва содиқона ба нафъи мардуму давлат ҳидоят намуданд.

Кормандон дар навбати худ барои таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳамешагӣ ба тақвияти низоми молиявии кишвар ва барои ин бинои зебо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE