Иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон ба Тоҷикистон омаданд

Имрӯз иштирокдорони Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон таҳти роҳбарии муовини аввали Вазири фарҳанги Туркманистон Нурсахад Ширимов ба Тоҷикистон омаданд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.

Дар доираи рӯзҳои фарҳангӣ мулоқоти роҳбарияти вазоратҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Туркманистон пешбинӣ шудааст.

Тибқи барнома, ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон ва  консерти устодони санъати Туркманистон  3 апрел, соати 16:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад. Ҳамчунин дар ҳошияи ин  рӯзҳо  4 апрел, соати 10:00 ифтитоҳи намоиши мусаввара ва намунаи ҳунарҳои мардумии Туркманистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир мешавад.

Дар идомаи Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон 4 апрел барномаи муштараки консертии устодони санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон – «Шоми дӯстӣ» дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» доир  мегардад.

Иштирокчиёни рӯзи  5 апрел ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар намуда, барномаҳои фарҳангӣ  баргузор менамоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE