Сафири Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот кард
7 апрели соли 2024 мулоқоти cафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Абдулло Алӣ Абдулло ал-Яҳё доир гардид. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Кувайтро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ намуда, зарурати роҳандозии сафарҳои сатҳи олию баландро таъкид намуданд.
Дар ин замина, омодагии ҳарду ҷониб ҷиҳати баргузории чорабиниҳои муштараки аҳаммияти байналмилалидошта иброз гардид.
Ҳамчунин, перомуни масъалаҳои мубрами ҷаҳонию минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули назар сурат гирифт.