Тоҷикистон ва Фаронса ҳамкориро дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш тақвият медиҳанд
Бо мақсади тақвият додани ҳамкории Тоҷикистон ва Фаронса дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элза Пинёл вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус аз маркази таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Дар вохӯрӣ доир ба масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, амалӣ намудани ҳамкорӣ байни мактабҳои варзишии ҳарду давлат, омӯзиши таҷрибаи варзишгарони олимпии Фаронса дар Тоҷикистон ва доир ба омодагии ҳайати олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024 табодули афкор доир шуда, зимни он баргузории чорабиниҳо, тарҳрезӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки ҳамкориро тақвият бахшида, ба иштироки фаъоли ҷавонону варзишгарони ҳарду давлат дар чорабиниҳои байналмилалие, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва Фаронса доир мегарданд, мусоидат намоянд.