Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Вашингтон баррасӣ шуд

Дар доираи вохӯриҳои ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор /ХБА/ ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар шаҳри  Вашингтон ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоким Холиқзода  бо Директори Хазинаи Байналмилалии Асъор Кристалина Георгиева мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Роҳбари ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар баробари иттилоъ оид ба нишондиҳандаҳои соли 2023 ва тамоюли мусбати рушди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкории судманди Хазина ва дастгирии ин ниҳоди бонуфузи байналмилалии молиявӣ дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо вобаста ба тасдиқи Барномаи воситаи ҳамоҳангсозии сиёсат (PCI) барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи феврали имсол аз ҷониби Хазинаи Байналмилалии Асъор тасдиқ шудааст, воситаҳои қарздиҳии хазина, зарурати афзоиши иқтидори мутахассисони вазорату идораҳо, таҳкими захираи кадрӣ ба воситаи барномаҳои таълимии мутобиқшуда ва дигар чорабиниҳои ин хазина табодули назар намуданд.

Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ ҳамкории судмандро дар ин самт тақвият мебахшанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE