Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок карданд
Дар шаҳри Женеваи Швейтсария чорабинии сатҳи баланди авиатсионӣ -«Ҷаҳони фазои ҳавоӣ-2024 – Airspace World 2024» баргузор гардид, ки дар он 7000 мутахассиси барҷастаи соҳа аз 140 давлати ҷаҳон иштирок намуданд. Дар чорабинии «Airspace World 2024» директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ «Тоҷикаэронавигатсия» Лоиқ Бегиҷонзода иштирок карда, «Тоҷикаэронавигатсия»-ро ҳамчун корхонаи таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ намуд. Дар ин бора аз «Тоҷикаэронавигатсия» хабар доданд.
Тибқи хабари манбаъ, «Airspace World 2024» чорабинии муҳим дар самти идоракунии ҳаракати ҳавоӣ ва кайҳон дар ҷаҳон буда, ба таъминкунандагони хизматрасонии аэронавигатсионӣ (ANSPs), мутахассисони идоракунии ҳаракати ҳавоӣ (ATM), ихтироъкорони соҳа, истеҳсолкунандагони технологияҳои соҳавии муосир бо мақсади омӯзиш, ҳамкорӣ, мубодила ва тиҷорат дар намоишгоҳ ва конфронсҳои гуногун имкони мусоид фароҳам овард.
«Airspace World 2024» аз ҷониби Ташкилоти хизматрасонии аэронавигатсионии гражданӣ (CANSO) баргузор гардида, ба ташаккули дурнамои фазои оянда равона гардид.
Ҳадафи иштироки намояндагони Тоҷикистон дар ин чорабинии бонуфузи байналмилалӣ табодули таҷриба, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии аэронавигатсионӣ, амалӣ намудани ҳамкории судманд бо шарикон, дарёфти шарикони нав дар дастрас ва ҷорӣ намудани технология ва низоми нави инноватсионӣ дар пешниҳоди хизматрасонии аэронавигатсионӣ, мутобиқ намудани сатҳу сифати фаъолияти корхона ба талаботи байналмилалии соҳа мебошад.
Дар доираи «Airspace World 2024» Лоиқ Бегиҷонзода бо намояндагони ширкатҳои бонуфузи аэронавигатсионии байналмилалӣ, аз ҷумла директори генералии CANSO Саймон Хокард, директори минтақавии Аврупоии CANSO ва Директори генералии «Эра» мулоқот намуда, масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ, ҳаракати ҳавоӣ, таъмини бехатарии парвозҳо, истифодаи технологияҳои замонавӣ ва инноватсионӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониро баррасӣ намуданд.