МУСОБИҚАИ «МАСТЕРС»-И ДОҲА ХОТИМА ЁФТ. ОЁ ҶУДОЧИЁНИ ТОҶИК ИМТИЁЗИ ОЛИМПӢ БА ДАСТ ОВАРДАНД?
Мусобиқаи бонуфузи «Doha Masters 2021» ба поён расид. Дар охирин рӯзи рақобатҳо паҳлавони тоҷик Темур РАҲИМОВ (+100kg) ҳунарнамоӣ намуда дар аввалин рақобаташ ҷудокори Австрия – Штефан ХЕГИро дар «голден-скор» бо иҷрои «окури-аши» шикаст дод.
Дар даври дуюм ҷоизадори медали биринҷии Бозиҳои олимпии Рио-2016 – варзишгари Исроил – Ор САССОНро дар вақти изофӣ бо «осои-коми» шикаст дода ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт.
Дар ин марҳила ӯ бо варзишгари рус – Инал ТАСОЕВ ба татами баромад. Бо вуҷуди талошҳои зиёд Темур натавонист бар ин ҳарифаш дастболо гардад. Ҷудокори рус дар «голден-скор» имтиёзи вазари касб карда роҳи варзишгари тоҷикро ба марҳилаи ниманиҳоӣ баст.
Дар даври тасаллобахш Темур аз як ҳолати мусоид истифода бурда, ҳарифи худ – Ким МИНЁНГро (Корея) дар ҳолати «осаекоми» нигоҳ дошт ва бо имтиёзи иппон ғолиб гардид.
Ҳамин тариқ барои дарёфти медали биринҷии ин чорабинии бонуфузи ҷаҳонӣ Темур Раҳимов бо дорандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон-2015, ғолиби Чемпионати ҷаҳон-2016 миёни ҷавонон, намояндаи Украина – Яков ХАММО рӯ ба рӯ шуд.
Мутаасифона дар ин рақобати ҳалкунанда Темур РАҲИМОВ бо дарёфти вазари шикаст хурд ва мақоми панҷумро соҳиб шуд.
Тибқи низомномаи мусобиқаи «Мастерс» ба нафаре, ки ҷои 5-умро ишғол мекунад, 648 имтиёз дода мешавад.
Дар ин вазн барандаи медали тилло Тедди РИННЕР ва нуқра Инал ТАСОЕВ гардиданд.
Мусобиқаи “Doha Masters 2021” хотима ёфт. Барои мунтахаби ҷудои Тоҷикистон натиҷаи беҳтарро Темур Раҳимов нишон дод.
Хотиррасон мекунем, ки дар мусобиқаи имсолаи “Мастерс”, ки тули се рӯз дар шаҳри Доҳаи Қатар ҷараён дошт, Тоҷикистонро ду ҷудочии дигар – Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -73 кг намояндагӣ карданд. Аммо ҳарду варзишгари мо дар вохӯриҳои аввали худ дучори бохт гардиданд.
Манбаъ: https://judo.tj/