БАРНОМАИ МУЖДАҲОИ ИСТИҚЛОЛ: ТЕРРОРИЗМ – ВАБОИ АСР
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии худ чун кишвари соҳибистиқлол ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти мубориза бо тамоми зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ, ҷанги иттилоотӣ ва дигар чолишҳову таҳдидҳои хатарзо пайваста ибтикороти назаррас нишон медиҳад. Натиҷаи ташаббусҳои байналмилалии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки пойтахти кишвари мо тайи солҳои охир тадриҷан ба яке аз майдонҳои мусоиди сиёсӣ барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва радикализм дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Коршиносони соҳа ташаббусҳои Тоҷикистонро дар самти пешгириву мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва таъмини суботу амният дар минтақа баланд арзёбӣ мекунанд. Мусаллам аст, ки имрӯз ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва гурӯҳҳову ҷонибҳои манфиатхоҳ барои амалӣ намудани аҳдофи хеш дар радифи силоҳу лавозимоти ҷангӣ аз иттилоот ва расонаҳои иттилоотӣ, бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густурда истифода мекунанд. Ҳақиқат ин ҷост, ки дар замони муосир терроризм дар ниқоби дин бештар ҷилва мекунад ва худро ҳомӣ, пайрав ё муътақиди ин ё он дин муаррифӣ мекунад. Мафҳуми “террорист – мусулмон”, ”террорист – буддоӣ”, ”террорист – насронӣ”, ки гӯё сарчашмаи он бовар ва эътиқод ба ин ё он дин аст, дар асри гузашта ва муосир шуҳрат пайдо кард, ки дар аксари маврид онҳоро бо мафҳумҳои “фанат” ё “сетант” ёд мекунанд.Терроризм ба маънои васеъ моли як ду асри охир нест, балки дар ҳамаи замонҳо ин қувваи аҳриманӣ, бо номҳои мухталиф вуҷуд дошт ва бо роҳу воситаҳои гуногун ба ҳаёти одамон зарари худро мерасонд. Дар замони муосир яке аз роҳҳои таъсирбахши ин неруҳо интернет ва сайтҳои иҷтимоӣ мебошанд. Воқеан ҳам, сайтҳои иҷтимоӣ осонтарин роҳи ҷалби ҷавонон ба ҳаракатҳои экстримистӣ мебошад. Интернет имрӯз дастгоҳи асосии фаъолияти террористон дар тамоми олам мебошад ва Тоҷикистон низ ҳамчун ҳадаф аз он берун нест. Сайтҳо бо ниқоби саҳифаҳои динӣ, мазҳабӣ, иҷтимоӣ, ҳатто адабиву фарҳангӣ, дар тағйири афкори ҷомеа ва вайрон кардани он кӯшиш мекунанд. Масъалаи ҷавонон ва пешгирии шомилшавии онҳо ба ташкилот ва ҳизбу ҳаракатҳои экстримистӣ имрӯз аз масоили мубрам маҳсуб меёбад. Воқеаҳои мудҳише, ки дар кишварҳои Ховари Миёна рух доданд, бештар бо иштироки ашхоси раҳгумзада, ки синну солашон ниҳоят ҷавон аст, ба амал омад.
Дар қаламрави кишвар бояд корҳоеро ба анҷом расонд, ки то ҳадде роҳи шомилшавии ҷавононро ба гурӯҳу ҳаракатҳои экстремистӣ гирифта тавонанд. Барои мисол , дар мактабу донишгоҳҳо пайваста тавассути филмҳои ҳуҷҷатӣ, маърӯзаҳои презен-тат-сионӣ, ташкил намудани дарс ва вохӯриҳо, ки дар натиҷа метавонанд як фазои тафаккури зиддитероризмро дар байни ҷавонон пайдо кунанд.Мураттаб сохтани барномаи махсуси машғулияти ҷавонон дар вақти холигӣ. Ин масъалаи ниҳоят муҳим буда, чорабиниҳо бояд берун аз қолабҳои анъанавӣ бо ғояҳои нави замонавӣ сурат гирад. Бетарафӣ нисбат ба ин масъала беэътиборӣ ба фардои ҷомеа мебошад.
Дар ҳошияи сӯҳбату андешаҳои мусоҳиби мо Профессор Ғаффор Мирзоев ҳаминро бояд гуфт, ки зиракии сиёсӣ аз дарки дурусти ҳодисаҳо ҳосил мешавад.Бояд иқрор шуд, ки вобаста ба мубориза бар зидди терроризму экстремизм ҳар нафаре онро аз равзанаҳои гуногун шарҳу тавзеҳ медиҳад ва дар шинохти аслии он то ҳанўз аҳли башар хулосаи дақиқу амиқи худро ҳосил накардааст. Ҳамаи ин воқеияту рӯйдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.
Имрӯз Тоҷикистон аз воқеаҳои ҷаҳони ислом бетараф буда наметавонад, зеро даргириҳои Шарқи Наздик ва дигар кишварҳое , дар вартаи ҷангу низоъ қарор доранд ба ватани мо низ таҳдид дорад. Душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои ороми кишвари моро халалдор намоянд. Сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, мавриди интиқод қарор медиҳанд ва мехоҳанд, ки ба воситаи қувваҳои дохилӣ, аз ҷумла, баъзе ҳизбу ҳаракатҳои «исломӣ»-и ватанӣ, инчунин баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили ватану миллати худ барангезанд. Қурбониёни терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд.
Аз ин рӯ, ҷавонон, ки қишри осебпазири ҷомеа мебошанд, бояд ба ҳар хел ваъдаю найрангҳои душманони миллати тоҷик бовар накунанду худро ба доми онҳо напартоянд. Аз ин рӯ, ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифротгаро ва гурӯҳҳои терроризмро биёмӯзанд ва барои рафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. Чун барномаи мо дар ҳошияи мулоқоти Пешвои Миллат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини ҷумҳурӣ пешкаш гардид, ҳаминро метавон хулоса кард, ки мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини ҷумҳурӣ ҳуҷҷати таърихӣ ва ҳидояткунанда барои рушди миллат дар самтҳои ҳаётан муҳимми мамлакат мебошад. Дар он камолоти инсонӣ, ташаккули ҷаҳонбинии бар пояҳои таърихи миллат ва давлатдории миллӣ бунёдгардида, худшиносӣ ва меҳандӯстӣ, бозпаснигарӣ ва ояндабинӣ бо содабаёнӣ ва ифодаҳои рӯшану фасеҳ ифода гардидаанд.
Мақсад аз ин мулоқот ҳидояти мардум ба роҳи нек, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, хизмат ба Ватан, ҳифзи сулҳу суботи мамлакат ва якпорчагии он, вусъат додани бунёдкорию созандагӣ баҳри ноил шудан ба зиндагии шоиставу пурсаодат буда, барои пешгирии зуҳуроти номатлуб ва талқини шаҳрвандон ҷиҳати расидан ба қадри истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, таъмини пешрафти мамлакат ва амалисозии ормонҳои миллӣ иқдоми муҳиму саривақтӣ ба ҳисоб меравад. Мо ҳар як фарди солимфикри тоҷикистонӣ, бахусус, волидайн, тарбиятгарону омӯзгоронро зарур аст, аз рӯйи ҳидоятҳои Сарвари давлат амал намуда, фарзандонро бо одобу ахлоқи ҳамида ба воя расонида, дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва илмомӯзӣ тарбия карда, ба амалҳои созандагию ободкорона раҳнамун созем.
Н. ДАВЛАТОВ,
“Садои Душанбе”