Баррасии фаъолияти ККВД “Тролейбус” дар шабакаи “Садои Душанбе”

Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии«Троллейбус»-и шаҳри Душанбе дар асоси сиёсати пешгирифтаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастуру супоришҳои дахлдори шаҳрдорӣ бо мақсади рушду такомули соҳаи нақлиёти барқӣ (троллейбус) пайваста чораҳои дахлдор андешида, дар фаъолияти соли 2021 ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.

Қобили қайд аст, ки дар мувозинаи Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе 192 адад воситаҳои нақлиёти барқӣ (троллейбус) қарор дорад. Дар пойтахт айни замон 4 адад троллейусҳои муосири тамғаи БКМ 32100D соли барориши 2019, ҳамзамон 7 адад автомашинаҳои махсусгардонидашуда барои таъмиру барқарорсозии ноқилҳои троллейбусгард мавҷуд мебошанд, ки дар ҳолати коршоями мавриди истифода қарор доранд. Дар ин давра, аз шумораи умумии 192 адад троллейбус 104 адади он дар ҳолати дурусти техникӣ қарор дошта, 88 адади он троллейбуси тамғаи ТРОЛЗА мебошад.

Ҳамзамон, қайд менамоем, ки дар корхона 350 нафар корманд, ки аз ин кормандони маъмурият – 20 нафар, кормандони муҳандиси техникӣ – 35 нафар, челонгарон – 49 нафар, кормандони хоҷагии ёрирасон – 45 нафар, ронандагони троллейбус – 127 нафар, кормандони шуъбаи хоҷагии ёрирасони автомобилӣ – 12нафар, кормандони хобгоҳҳо – 14 нафар, шуъбаи хоҷагии барқӣ, челонгар, таъмирчиёни ноқилҳои троллейбусгард ва қисмҳои махсуси пайвасткунандаи он – 20 нафар ва навбатдорони зеристгоҳҳои барқӣ -28 нафарро ташкил медиҳад.

Аз идора: Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и дар 9 хатсайрҳои мусофиркаш хизматрасонӣ менамоянд. Вобаста ба хизматрасонии «Троллейбусҳо» дар шаҳри Душанбе имрӯз барномаи “Раҳовардро” соати 16:10 метавонед мустақиман аз мавҷи 102.2 FM гӯш кунед. Телефон барои тамос 227 – 61 – 52, 227 – 61 – 72 ё бо рақами 800110122 тавассути вайбер, вотсап ва тлеграмма суолҳои худро равон кунед! Масъули барнома Фирӯз Каримзода аст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE