Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқот кард

24 апрели cоли 2024 дар Риёз мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ар-Рассӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот дар бораи раванди тадорукот ба Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки 10-13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, маълумот ироа гардид.

Ҷонибҳо инчунин атрофи масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар карданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE