Дар Москва машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид
24 апрели соли 2024 дар шаҳри Москва машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гаштанд. Ҳайатҳои ҷонибҳо дар нишасти мазкур таҳти роҳбарии муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ ва Русия Михаил Галузин ширкат варзиданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.
Зимни машваратҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар самтҳо мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд. Инчунин атрофи ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва масъалаҳои амнияти минтақавӣ табодули афкор анҷом дода шуд.