Дар Душанбе давраи шаҳрии мусобиқаи хурди футбол барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» оғоз гардид

8 июн дар Душанбе маросими ифтитоҳи даври шаҳрии мусобиқаи хурди футбол байни ҷавонон барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» доир гардид, хабар доданд аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.

Дар он роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Ин иқдом бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб дар доираи тантанаҳои Рӯзи ҷаҳонии футбол гузаронида шуда, ҳадафаш ташвиқи бозии футбол байни аҳолӣ ва ҳамовозӣ ба қабули ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон мебошад, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида буд.

Дар мусобиқа дастаҳо аз 4 ноҳияи пойтахт то 11 июн байни ҳам бозӣ намуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 11 дастаи футболбозони ҷавон, ки ғолибони даври якуми мусобиқаи хурди футбол дар намуди ғайрикасбӣ мебошанд, ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.

Мусобиқаи хурди футбол барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE