Даври якуми озмуни ҷумҳуриявиии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Кумитаи телевизион ва радио
6-уми май дар Кумитаи телевизон ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.
Кори озмунро Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид ҳусни оғоз бахшида, аъзои ҳакамонро муаррифӣ намуд. Сипас аъзои ҳакамон маҳорати иштирокдоронро баҳогузорӣ намуданд, ки дар натиҷа 10 нафар барои иштирок дар даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии мамлакат, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун доир мегардад.