Вазири молияи Тоҷикистон дар Форуми рушди ОПЕК таҳти унвони «Пешбурди устуворӣ ва баробарӣ» иштирок намуд

25 июни соли 2024, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дар Форуми рушди ОПЕК таҳти унвони «Пешбурди устуворӣ ва баробарӣ», ки дар толори Ҳофбурги шаҳри Вена баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Форуми Рушди ОПЕК ҳамчун як платформа роҳбарон ва коршиносони байналмилалиро аз кишварҳои мухталиф барои баррасии роҳҳои муосири рушди устувор ҷамъ оварда, барои иштирокчиён ҷиҳати табодули таҷриба, афкор ва роҳандозии шарикӣ имконият фароҳам овард.

Чорабинии мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ доктор – Абдулҳамид Алхалифа оғоз бахшида, сипас роҷеъ ба фаъолияти Фонд дар самти рушди устувор рӯнамо пешниҳод гардид.

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дар қисмати 3-юми Форум, ки ба мавзуи «Дастгирии нерӯи инсонӣ» бахшида шуда буд, дар бораи аҳамияти рушди сармояи инсонӣ дар пешбурди рушди устувори иқтисодӣ ибрози андеша намуд.

Ҳамзамон, зимни суханронӣ оид ба таҷриба ва ислоҳотҳои анҷомдодаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти маблағузории соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, ки ба рушди фарогир мусоидат менамоянд, иттилоъ дода шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE