Дар Душанбе фаъолияти муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баррасӣ шуд
3 июли соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҳлилу баррасии фаъолияти муассисаҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини вазир Шодихон Ҷамшед, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулҳаким Холзода, роҳбарони муассисаҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат иштирок намуданд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласаи мазкур диққати роҳбарони муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифодаи самараноки заминҳои дар ихтиёрашон буда, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025, захираи кофии ангишту ҳезум ва маводи хӯрока, беҳтар нумудани хизматрасонӣ ба бошандагон ҷалб гардида, ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи хоса дошта, бо ташаббуси Пешвои миллат баҳри рушди он ҳамасола тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.