АРЗЁБИИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ПАЁМИ НАВБАТИИ ПРЕЗИДЕНТ

Зимни ироаи Паёми навбатии Сарвари мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои муҳими давлатдорӣ таҳлилу баррасӣ гардида, нақшаву барномаҳо чун дурнамо барои соли ҷорӣ муайян гардид.

Дар ин росто, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи сайёҳии мамлакат таваҷҷуҳ намуда, сайёҳиро ҳамчун “соҳаи афзалиятноки иқтисоди миллӣ” унвон намуданд. Сарвари давлат иброз доштанд, ки барои рушду густариши соҳаи сайёҳӣ давлату ҳукуматро лозим аст, то аз шароитҳои фароҳамовардашуда истифода намуда, имконияту зарфиятҳои соҳаро бештар ба сайёҳони дохилу хориҷ муаррифӣ намоянд.

“Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соли 2018 бори нахуст дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи сайёҳон қариб ба 1 миллиону 200 ҳазор нафар расида, нисбат ба соли 2017–ум 2,6 баробар зиёд шудааст”.

Эмомалӣ Раҳмон,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фахриддин Холиқзода, корманди Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба арзёбии соҳаи сайёҳӣ ҳамчун самти афзалиятноки соҳаи иқтисодӣ изҳор дошт, ки маҳз дар чанд соли охир ва он ҳам бевосита зимни ироаи Паёми сарвари мамлакат бахши сайёҳи рушду нумӯъ кард ва зинаҳои баланди инкишофро пушти сар намуд.

“Пешвои миллат зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки бо дарки мавқеи ин соҳа дар иқтисоди миллӣ мо рушди соҳаи сайёҳиро яке аз самтҳои афзалиятнок муайян карда, солҳои 2019 – 2021–умро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудем. Ҳадаф аз эълон гардидани 3-солаи хос, расидан ба ҳадафҳои дар пешгузошташудаи Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла фароҳам овардани шароити баланди хизматрасонӣ ба сайёҳон, баланд бурдани маърифати сайёҳии мардум ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ ва диданибоб дар минтақа мебошад”, – гуфт ин масъули Кумитаи рушди сайёҳӣ.

Мусо Саидаҳмадзода, мудири бахши иқтисоди Кумитаи рушди сайёҳии кишвар зимни суҳбат бо мо иброз намуд, ки ба замми мушкилиҳои фарогири ҷаҳонӣ дар соли гузашта ва имсол мо тасмимҳои мушахастареро руйи кор гирифтаем ва бо пиёда намудани онҳо метавонем соҳаи сайёҳии мамлакат бозро ҳам рушд бахшем.

Ба таъкиди Фахриддин Холиқзода, тайи чанд соли охир барои рушди муназзами соҳаи сайёҳии мамлакат як қатор имтиёзу шароитҳо пешниҳоду фароҳам оварда шуд. Озод намудани ташкилоту муассисаҳои сайёҳӣ ба муҳлати 5 соли аввали фаъолият аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ, гирифтани раводиди сода барои шаҳрвандони хориҷӣ ва тамдиди будубоши эшон ба муҳлати 30 рӯзи корӣ аз иқдомҳои олие унвон мешавад, ки дар рушди бемайлони сайёҳӣ дар ин муддат таъсири амиқ гузошт.

Зимни суханронии хеш Сарвари мамлакат иброз намуданд, ки натиҷаи тадбирҳои дурандешонаи Ҳукумати мамлакат буд, ки дар чанд соли охир соҳаи сайёҳии кишвар ба зинаҳои баланди рушд расид ва дар арзёбиҳои сатҳи ҷаҳонӣ мақоми хосро ишғол намуд. Аз ҷумла, дар ин давра Тоҷикистон ба қатори даҳ кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарини сайёҳии пиёдагардӣ, ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми соддаи пешниҳоди раводид ва шоҳроҳи Помир ба даҳ роҳи зеботарини дунё шомил шуда, пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амният ворид гардид, ки ин нишонаи рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат аст.

Бахтовари НУРИДДИН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE