Дар Душанбе даври шаҳрии Фестивали қаннодӣ ва ҳалвопазӣ ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» даври шаҳрии Фестивали қаннодӣ ва ҳалвопазӣ баргузор гардид, ки дар он аз рӯи номинаи «қаннодӣ» ҷойи аввал ба ҶДММ «Анас-ОА»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе супорида шуд. Дар номинаи «ҳалвопазӣ» ҷойи аввалро соҳибкори инфиродӣ аз ноҳияи Шоҳмансур Ҳокимой Шоева ба даст овард.
Ҳамчунин дар номинаи «қаннодӣ» ҷойи дуюм ба ҶДММ «Амирӣ» ва ҷойи сеюм ба намояндаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ супорида шуд.
Дар номинаи ҳалвопазӣ ҷойи дуюмро намояндаи ноҳияи Фирдавсӣ сазовор гардида, ҷойи сеюм ба намояндаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе тақдим гардид.
Бояд зикр намуд, ки дар фестивали мазкур роҳбарияту намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо, намояндагони корхонаву ширкатҳои қаннодӣ ва ҳалвопазии пойтахт иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки миллати тоҷик аз қадимтарин мардумони минтақаи Осиёи Марказӣ буда, дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ бо мероси бойи фарҳангии моддӣ ва ғайримоддӣ мақоми шоиста касб намудааст.
Зикр гардид, ки дар бахши омодасозии шириниву қаннодиҳо бонувони тоҷик маҳорати баланди кадбонугӣ дошта, хони идонаи ҷашнҳои миллии тоҷиконро бидуни шириниҳои гуногуни болаззати омоданамудаи занону духтарони тоҷик тасаввур намудан ғайриимкон аст.
Бояд тазаккур дод, ки ҳунари қаннодиву ҳалвопазии тоҷикон таърихи куҳан дошта, дар тӯли ҳазорсолаҳо то имрӯз ташаккул ёфта истодааст.
Ҳалвопазӣ яке аз ҳунарҳои аҷдодӣ буда, он миёни мардуми тоҷик аз даврони қадим дар тӯю маъракаҳо ва дигар ҷашну маросим бо анвои васеъаш омода карда мешавад.