Фаррух Шарифзода бо муовини раиси Комиссияи оид ба корҳои миллӣ ва динии Шӯрои мардумии сиёсии машваратии Чин мулоқот намуд

27 июли соли 2024 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо муовини раиси Комиссияи оид ба корҳои миллӣ ва динии Шӯрои мардумии сиёсии машваратии Чин,  муовини раиси Ҷамъияти чинӣ оид ба тадқиқоти ҳуқуқи инсон, Тзян Тсзянго баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи ҳамкориҳоро дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба мавриди баррасӣ қарор доданд. 

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE