Ба 30 нафар зани ҳунарманду соҳибкор гранти Раиси вилояти Хатлон дода мешавад
Имсол дар вилояти Хатлон ба 30 нафар занон гаранти Раиси вилояти Хатлон пешниҳод мегардад. Дар ин хусус хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.
Тавре Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид 9 август зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд, шумора ва ҳаҷми маблағи грантҳои раиси вилоят барои дастгирӣ ва рушди соҳибкории занон зиёд карда шуд. Ҳоло 30 нафар ғолибони гранти раиси вилоят аз ҳисоби соҳибкорзанони Хатлон бо дарёфти аз 15 то 25 ҳазор сомонӣ (ҷамъан 500 ҳазор сомонӣ) метавонанд лоиҳаҳои тиҷоратиашонро амалӣ намоянд.
То ин муддат ҳамасола 21 гранти раиси вилоят барои дастгирии соҳибкорзанони Хатлон ба маблағи умумии 250 ҳазор сомонӣ ҷудо мегардид.
Тибқи қарори Раиси вилояти Хатлон «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025», гранти раиси вилоят таъсис дода шудааст, ки ҳамасола ба занони ҳунарманду соҳибкор дода мешавад.