Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо намояндаи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид

15 март дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030» бо намояндаи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, подполковники адлия Шералӣ Розиқзода мулоқот баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур.

Дар вохӯрӣ намояндаи Агентӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи мубориза бо коррупсия, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи методологияи тартиб ва методологияи таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)»-ро шарҳ дода, дар мавзӯи «Мубориза бо коррупсия манфиат ва рушди ҷомеа аст» маърӯза намуд.

Ҳамчунин оид ба гирифтани туҳфаҳо, муқаррар намудани ҷазо барои гирифтан ва додани ришва, миёнаравӣ дар порагирӣ дар шакли ҷарима, ки маблағи чандкаратаи ришваро ташкил медиҳад, аз кор озод кардан бо сабаби аз даст додани эътимод, тартиби тафтиши маълумоти аз тарафи шахсони мансабдори Кумита ва воҳидҳои тобеи он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бо коррупсия пешниҳодшуда суҳбат кард.

Дар хотима байни кормандон ва намояндаи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон табодули афкор доир гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE