Достони зиндаи эстрадаи Россия, Артисткаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, бастакор ва ровии телевизион

Сурудҳояш дар кишварҳои мухталиф мазмуни таронаҳои миллиро соҳиб гашта буданду бад – ин васила ӯро “маликаи эстарада” унвон бахшид. Кулвори таронаҳои ӯ бештар аз 500 оҳангҳои ҷаззоб таркиб ёфтаанду фиттагулулаҳояш соле бо шумули даҳҳо барномаҳои рангини консертии пуршукӯҳ бо тиражи умумии 250 000 000 ба дасти мухлисонаш мерасанд.

Ӯ 15 – уми апрели соли 1949 дар пойтахти Россия, дар хонаводаи иштирокчиёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳон дида ба дунё кушудааст. Модари Алла – Зинаида Архиповна Одегова ва падараш Борис Михайлович Пугачёва буданд. Волидонаш ҷигаргӯшаашонро ба ифтихори актрисаи машҳури давру замон Алла Тарасова ном ниҳоданд.

Алла фарзанди дуюми хонавода буд. Бародарбузурги ӯ Генадий дар аҳди бачагиаш аз беморие фавтид ва бачагиҳои примадонаи оянда дар давраҳои баъдиҷангӣ гузора шуд. То ҳине, ки синнаш ба дабистон дуруст шудан дошт, дар он аҳду овон аллакай ба ҷаҳони мусиқӣ вуруд шуда буду аз ин олами рангини бепаҳно бӯ мебурд.

Вақте доди Алла ба 5 солагӣ дакка хӯрд, модараш муаллими мусиқиро ба хона даъват кард. Онеро, ки ҳиссу завқи баланди дарку фаҳми мусиқӣ ва қобилияти волои дарсгӯӣ дошт. Сар аз ҳамон овон хонандаи шуҳратёри минбаъда ба асбоби фортопианно дил доду ҷонпайванди он гашту шайдову сарсупурда машқу тамринҳоро ба соате раҳо намекард. Дарсҳои фанну фунуни фортопианно ҳар рӯз тадриҷан дар мактаби мусиқӣ ба фурсату фосилаи се соат гузора мешуданд. Духтараки дар бағал як олам муҳаббату ишқи зебоӣ ба нафасе ҳаёти худро бидуни мусиқӣ ба гӯшаи тасаввур намедоду ҳамвора пайи талош баҳри омӯзиш мекушид.

Бо ҳамин ҷаҳду ҷадалу маром ба Донишкадаи давлатии мусиқӣ – омӯзгории ба номи Ипполита Иванова шомил гардид. Пугачёва ҳанӯз донишҷӯ буд ва дар маҳфилу маъракаҳои мухталиф ширкат ва овозхонӣ мекард. Нахустин ҳунарнамоиҳои ӯ дар барномаи рангини “Субҳ ба хайр” бо суруди “Робот” сурат гирифтааст. Бо ҳамин маром Пугачёва пеши мардумон бо се суруд “Ниҳоят дӯст медорам”, “Шоҳ, духтари гулфурӯш ва шӯхӣ” ва “Валс” баромад мекарду қалбҳоро бо сеҳру садову навояш шодоб мехост.

Дар айни авҷи ҷӯшу хурӯши шуҳрат Аллаи дар аҳди шубоб соли 1976 дар Фестивали мусиқавии ҷаҳонӣ роҳхат пайдо карду ёрои ширкат намуд. Ин шева шуҳрату шони бесобиқаи Аллаи пуркору талошварзу навҷӯ паҳлӯ ба паҳлӯи ӯ ҳиссу эҳсоси бадхоҳиву фурӯмоягияшонро панаҳу пинҳон намедоштанд. Ин бадбиниҳову дар сояи шуҳарти Алла тобу тоқат наёристани рақибон боис бар он гардид, ки аз маҳфили “Бачаҳои шӯх” рафт.

Дар фарҷоми соли 1976 примадонна қарори қатъӣ баст, ки шуҳрати касбии худашро дар танҳоӣ таҳия хоҳад кард ва ба сифати солисти гурӯҳи “Муз консерт” ба фаъолият пардохт. Он ҳин бори нахуст лаурияти “Суруди сол” – и 1976 ва ширкатдори консерти солинавии “Чароғаки кабуд” бо суруди “Ниҳоят хуб” гардид.

Бо гузораи солҳо Алла консертҳои ҳисоботӣ баргузор мекард. Бад – ин шева имконият пайдо кард, то дар атрофу акнофи Иттиҳоди Шӯравӣ ва фаротари он низ барномаҳои консертӣ иҷро намояд. Соли 1978 Пугачёва нахустин албоми сурудҳои худро таҳти унвони “Оинаи дил” сабт ва пешкаши мухлисонаш сохт. Дар таҳияи ин албом оҳангҳои бастакорони моҳир ва худи Алла Пугачёва садо додаанд. Албоми дебютии Алла Борисовна дар ҷумҳуриҳои Шӯравӣ дар фурсати зиёд аз шуҳрату маҳбубияти хоса бархӯрдор гардид. Бад – ин сабаб зарурат пеш омад, то чанд нусхаи онро дар пластинка бо забонҳои хориҷӣ нашр намоянд. Ин албом ба сароянда шуҳрати офоқӣ бахшид.

Дар аввоили солҳои 80 – уми қарни рафта Алла Пугачёва боз ду албоми худро таҳти унвони “Поднимись над суетой!” ва “То ли ещё будет…” сабт ва пешкаши роғибонаш намуд. Дар ин радиф ҳамон ғот Алла бо бастакоре чун Райан Баус ошноӣ ва риштаи дӯстиву қаробати ҳамкории зич баргузид, ки барош оҳангҳои ҷовидонӣ эҷод карданд. Яке аз ин офаридаҳои мондагор “Миллион садбарги сурх” мебошад. Ин таронаҳо ба хонандаи хушсадо муваффақияти бебаҳо, шуҳрати бесобиқа ва маҳбубияти оламгир бахшиданд. Ин албом бо шумораи 6 миллон нусха таҳия ва дар тамоми дунё паҳн шуд.

Соли 1994 маликаи саҳна суруди “Муҳаббат шабеҳи хоб аст”-ро суруд, ки замини замон аз шунидани он баҳраманд гардиданд. Ин суруд ба хонандаи маҳбуб, шоҳи мусиқии Россия Филлип Киркоров бахшида шуда буд. Филлип дар он аҳду овон аз ҳофизони баргузидаи давру замон ба шумор мерафт.

Аз боби сарвати Алла Пугачёва ҳарф мезанем. Ҳоли Ҳозир дороии ӯ бештар аз 100 000 000 долларро ба таркиб меёрад. Имрӯз Пугачёва дар ҳиҷ маъракаву чорабиние ҳунарнамоӣ намекунад, ба ҷуз нишастҳои дӯстона, ки вазъи молиявии ӯро ба 25 – 30 ҳазор доллар боло мебарад. Бо гузораи солҳо, ки аз саҳна канор рафтааст, маҷаллаи амрикоии маблағгузории-молиявии “Форбс” даромади солонаи ӯро ба чанд миллион доллар баробар медонад.

Бори охир ӯ соли 2014 бо даромади солонаи 4 млн. доллар ба ин феҳрист ворид гардида буд. Чанд фурсати охир вазъи молиявии ӯ аз консертҳо вобаста нест ва ба ин эҳтиёҷ ҳам надорад.

 

Лутфуллои АЗИЗ,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE