Барои кормандони дипломатӣ ва консулӣ дар мавзуи «Тақвият додани вокуниш ба хариду фурӯши одамон» семинари омӯзишӣ доир гардид

24-25 сентябри соли 2024 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) барои кормандони дипломатӣ ва консулӣ семинари дурӯзаи омӯзиширо оид ба механизмҳои самараноки муқовимат ба савдои одамон доир намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар семинар кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва консулӣ, ки дар кишварҳои гуногуни транзитӣ ва таъинотӣ, инчунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунанд, иштирок намуданд. Семинар дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани идоракунии муҳоҷират ва ҳифзи муҳоҷирон дар кишварҳои интихобшудаи Роҳи Абрешим (2023-2026)” доир гардид.

Тренинги мазкур ба иштирокчиён дониш ва малакаҳои амалии заруриро ҷиҳати расонидани кӯмаки муассир ба қурбониёни хариду фурӯши одамон фароҳам оварда, инчунин иқтидори онҳоро дар мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон дар маҷмӯъ баланд бардошт.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE