Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳаждаҳуми Шурои вазирони адлияи давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд

17 октябри соли 2024 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи ҳаждаҳуми Шурои вазирони адлияи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён оид ба дастовардҳои ҳуқуқии Тоҷикистон дар самти боло бурдани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон сухан гуфт, хабар медиҳад Вазорати адлияи Тоҷикистон.

Ҷаласаи навбатии Шурои вазирони адлияи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати раиси Шурои вазирони адлияи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — вазири адлияи Ҷумҳурии Узбекистон доир шуд. Дар он роҳбарони мақомоти адлияи Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Федератсияи Русия иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои амалисозии маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун механизми муҳими баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва нақши мақомоти адлия дар баланд бардоштани сифати хизмати ҳуқуқии мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва нахустдараҷаи кишварҳое мебошад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтаанд. «Ин арзишҳо собит месозанд, ки давлат бар пояи қонун ва ҳуқуқ бунёд ёфта, рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад. Дар ҳамин робита баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити амалишавии ғояҳо ва арзишҳои ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад»,-иброз дошт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки мақсад аз қабули фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, таҳкими институти ҳуқуқи инсон, эҳтироми он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром ба он ва таъмини волоияти қонун, ташаккули низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, ташкили механизми самарабахши ҳамкории давлат ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE