Дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе ғолиби марҳилаи аввали Суперлигаи Тоҷикистон гардид

Дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе- чемпиони  чоркаратаи Тоҷикистон бозии охиринро  дар марҳилаи аввали мавсими ҷории Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал баргузор намуд. Дар ин бозӣ шогирдони Пайрав Воҳидов дар сафар бар  дастаи футзали  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 3 бар 6 дастболо шуданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вохӯрии дастаҳо дар Маҷмааи варзишии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», воқеъ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, бо ҳисоби  калони  6 бар 3 ба фоидаи дастаи  футзали  «Соро компания»-и шаҳри  Душанбе  хотима  ёфт.

Дар рақобат аз ҳайати дастаи футзали  «Соро компания»-и шаҳри Душанбе  Фирӯз Сангов ду гол ба нишон расонид. Дилшод Саломов, Бахтиёр Солиев, Амир Шуҷоъӣ ва дарвозабон Нуриддин Ҷабборов ба дарвозаи ҳариф як голии дигар заданд.

Хотиррасон мешавем, ки Бахтиёр Солиев беҳтарин бозингари дидор эътироф гардид. Ба ҳамин тартиб, дастаи футзали  «Соро компания»-и шаҳри Душанбе мавсимро бо касби 21 имтиёз ва ҷойгир шудан дар зинаи якуми ҷадвали умумии Суперлигаи Тоҷикистон ҷамъбаст кард.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE