Кумитаи телевизион ва радио: соли гузашта 51 нафар бо нишони “Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуд
Соли 2020 бо мақсади ҳавасманд гардонидани кормандон бахшида ба ҷашнҳои давлатӣ ва идҳои касбӣ, 51 нафар бо нишони “Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон”, 47 нафар бо “Ифтихорнома” ва 17 нафар бо “Сипоснома” – и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Ин нукта имрӯз зимни нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд
Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки бахшида ба ҷашну санаҳои давлативу миллӣ ба ятимону камбизоатон ва кормандони эҳтиёҷманд ба маблағи 148 ҳазору 831 сомонӣ кумакҳои моддиву молӣ расонида шуд.