Хатсайри сайёҳии «Сайри Сада»

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои меҳмонон ва сокинони пойтахт санаи 1 феврали соли равон хатсайрҳои сайёҳии «Сайри Сада» ройгон ташкил карда мешавад. Ҳадаф аз ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди соҳаи сайёҳӣ, ташаккул ва муаррифии бренди миллии сайёҳӣ, маркетинг ва пешбурди маҳсулоти соҳаи сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиию рекреатсионӣ ва мероси таърихию фарҳангӣ дар доираи таҷлили Ҷашни Сада арзёбӣ мегардад.Хатсайрҳои сайёҳии “Сайри Сада” бо иштироки намоянадагони корпуси дипломатӣ, донишҷӯёни хориҷии муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе, сайёҳони хориҷӣ, роҳбарону кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳан+992 100700454г, занон, ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма ташкил карда мешавад. Роҳбаладон бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ таъмин гардида, доир ба имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе ва моҳияти Ҷашни Сада маълумоти мушаххас пешниҳод менамояд.«Вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ имкон доранд иштироки меҳмонону сайёҳони худро дар хатсайри сайёҳии «Сайри Сада» тавассути саҳифаҳои расмии шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Фейсбук (Dushanbe-travel), Инстаграм (dushanbe.travel), Телеграмм (dushanbe.travel) ва Tik Tok (dushanbe.travel), почтаи электронӣ: rushdi.sayohi@gmail.com ва шахси масъули тамос: 2231829; 917370707; 003881616 (тариқи WhatsApp, Telegram) номнавис намоянд ва аз хатсайрҳои мазкур ройгон истифода баранд».Ҷамъшавии иштирокдорон соати 8:00-и рӯзи 1 феврал дар назди Муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ба нақша гирифта шуда, ҳаракат соати 8:30 ба макони таҷлили Ҷашни Сада – Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ оғоз мегардад.Бояд тазаккур дод, ки ҷашнҳои Сада, Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон метавонанд барои муаррифии таъриху фарҳанг, урфу одат, имконияти сайёҳии мамлакат ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ хизмат намоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE