МЕССИ БЕҲТАРИН ФУТБОЛБОЗИ ҶАҲОН ДАР ДАҲ СОЛИ ОХИР ЭЪТИРОФ ШУД

Капитани дастаи “Барселона” ва мунтахаби Аргентина Леонел Месси беҳтарин бозингари ҷаҳон дар даҳсолаи охир эълон шуд. 

Ҳамлагари аргентиниро Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS), ки феҳристи беҳтарин футболбозони дунёро дар давраи солҳои 2011-2020 нашр кардааст, ба ин дастовард сазовор донистааст. Дар феҳристи мазкур рақиби доимии Месси ҳамлагари дастаи “Ювентус” ва мунтахаби Португалия Криштиану Роналду дар мақоми дуюм қарор гирифтааст. Ба даҳгонаи ин рӯйхат ҳамчунин Андрес Инеста (“Виссел Кобе”, Испания), Неймар (“ПСЖ”, Бразилия), Серхио Рамос (“Реал”, Испания), Мануэл Нойер (“Баврия”, Олмон), Роберт Левандовский (“Бавария”, Полша), Ҷонлуиҷ Буффон (“Юфентус”, Италия), Златан Ибрагимович (“Милан”, Шветсия), Лука Модрич (“Реал”, Хорватия) ворид шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол феҳристи мазкурро дар асоси овоздиҳии намояндагону коршиносони соҳаи футболи 150 давлати ҷаҳон тартиб додааст.

Даҳгонаи аввали рӯйхати мазкур:

  1. Лионел Месси («Барселона», Аргентина).
  2. Криштиану Роналду («Ювентус», Португалия).
  3. Андрес Инест («Виссел Кобе», Испания).
  4. Неймар («ПСЖ», Бразилия).
  5. Серхио Рамос («Реал», Испания).
  6. Мануэл Нойер («Бавария», Германия).
  7. Роберт Левандовски («Бавария», Польша).
  8. Ҷонлуиҷ Буффон («Ювентус», Италия).
  9. Златан Ибрагимович («Милан», Шветсия).
  10. Лука Модрич («Реал», Хорватия).

Бахтиёр ЗОИРИЁН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE