Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
Имрӯз дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар рафти нишаст ректори донишгоҳи мазкур Убайдулло Асрорзода иброз намуд, ки ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2024, №380 донишкадаҳои байналмилалии донишгоҳ дар шаҳрҳои Левакант, Хуҷанд ва ноҳияи Данғара таъсис дода шуда, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Оиннома ва сохтори онҳо тасдиқ карда шуданд.
Шукрона Насриддинзода