Намоиши наврӯзии рассомон дар Осорхонаи миллӣ

Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз 15 март дар Осорхонаи миллӣ таҳти унвони «Ҷашни Наврӯз дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» намоиш оғоз мегардад, ки дар он тасвири ҷашни Наврӯз дар асарҳои рассомӣ, кундал ва  кандакорӣ дар рӯи чӯб ба тамошо гузошта мешавад.

Тибқи иттилои Осорхонаи миллии Тоҷикистон, чун анъана ҳар сол дар Осорхонаи миллӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз намоиш доир мегардад. Намоиши имсола аз солҳои гузашта ба куллӣ фарқ мекунад, ки инро тамошобинон танҳо баъди дидан мефаҳманд.

Мавсуф зикр намуд, ки дар намоишҳои қаблӣ  ба тамошобинон ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангие, ки давоми як сол Осорхонаи миллӣ бо роҳи харид, туҳфа ва дар натиҷаи корҳои бостоншиносии кормандони Осорхона дастрас менамуд,    манзур мешуданд.

Ҳамчунин дар ин рӯз бо ибтикори Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Наврӯз  сунати мондагори  Ваҳдат аст» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, олимону нависандагон ва донишҷӯён суҳбати «мизи мудаввар» баргузор мегардад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE