Дар Душанбе дурнамои рушди муносиботи судманди Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардид
14 апрел мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин бо ҳайати намояндагони Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносиботи судманди Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, инчунин дигар масоили марбут ба фаъолияти ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид дар мамлакатро баррасӣ намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон